Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консули Тоҷикистон дар Новосибирск расман муаррифӣ шуд


Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав

Консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск расман ба кори худ оғоз кардааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 10 март гуфт, ки маросими муаррифии Шамсиддин Зардӣ ба волии Новосибирск Владимир Городетский аз тарафи сафир Имомуддин Сатторов сурат гирифтааст.

Оқои Сатторов боз шудани консулгарии генералӣ дар Новосибирскро “осон гардондани хизматрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон” номида, ҳамзамон афзудааст, "консулгарӣ дар шаҳри Новосибирск нақши муҳимро дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои мухталиф хоҳад бозид."

Волии Новосибирск Владимир Городетский дар навбати худ гуфтааст, ки танҳо донишҷӯёни тоҷик дар ин вилоят 350 нафар ҳастанд. Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои илму маориф, фарҳанг, иқтисод ва савдо, баланд намудани ҳаҷми гардиши мол ва таъмини вилояти Новосибирск бо меваю сабзавоти Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Ҷонибҳо масъалаи марбут ба муҳоҷирати меҳнатиро низ баррасӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG