Пайвандҳои дастрасӣ

ВАО: Дар осорхонаи Мавсил ягон ёдгории таърихӣ боқӣ намондааст


Ироқ - Мардҳо муҷассамаеро дар осорхонаи Мавсил бо путк мешикананд.

Ироқ - Мардҳо муҷассамаеро дар осорхонаи Мавсил бо путк мешикананд.

Хабаргузории Reuters рӯзи 8 март аз қавли генерали артиши Ироқ Алӣ Қадам ал-Ламӣ гузориш дод, ки дар осорхонаи Мавсил ягон ёдгории таърихӣ ё "артефакт" намондааст. Ба гуфтаи ин генерал, эҳтимол онҳо ё ғорат шуданд, ё дар бозори сиёҳ ба фурӯш рафтанд. Хабаргузорӣ мегӯяд, ки то ҳол тасдиқи ин хабарро аз манбаъҳои дигар пайдо накардааст.

Ал-Ламӣ ба Reuters нақл кард, ки шаби гузашта нерӯҳои ҳукумати Ироқ ҳуҷуми ҷавобиро алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба роҳ монданд ва имрӯз ба поккории маконҳои ишғолшуда машғул ҳастанд.

Рӯзи 7 март хабаргузориҳо аз пешрафти нерӯҳои ҳукумати Ироқ бо кумаки ҳавоии Эътилофи таҳти раҳбарии ИМА гузориш доданд. Бар асоси гузоришҳо, нерӯҳои Ироқ бахши бонки миллӣ ва осорхона дар қисмати ғарбии Мавсилро, ки ДИИШ соли 2014 забт карда буд, дубора таҳти назорат гирифтанд.

Моҳи феврали соли 2015 ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" наворе пахш карданд, ки дар он ҷангиён ёдгориҳои таърихиро дар осорхонаи Мавсил хароб мекарданд. Пешгӯи мешуд, ки қисме аз артефактҳоро ҷангҷӯён дар бозори сиёҳ фурӯхтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG