Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Шӯрои конститутсионӣ фиристод


Қазоқистон - Раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев бо донишмандон сӯҳбат мекунад. 22 феврали соли 2017.
Қазоқистон - Раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев бо донишмандон сӯҳбат мекунад. 22 феврали соли 2017.

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро, ки имрӯз аз сӯи порлумон қабул шуд, ба Шӯрои конститутсионӣ фиристод.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосии он кишвар 3 март вориди порлумон шуд ва имрӯз аз сӯи вакилон қабул гардид. Ба 19 моддаи Конститутсияи он кишвар 26 тағйиру илова пешниҳод шудааст. Ин тағйирот тақсими қисме аз салоҳиятҳои президентро ба порлумон ва ҳукумат дар назар дорад.

Аз ҷумла салоҳиятҳои президент дар умури тасдиқи барномаҳои давлатӣ, низоми ягонаи сармоягузорӣ ва пардохти маоши кормандони тамоми сохторҳо ба ҳукумат дода мешавад. Девони вазирон ба маҳзи нав шудани порлумон нав мешавад, на ба маҳзи нав шудани президент. Номзадҳоро ба мақоми вазирӣ сарвазир пешбарӣ мекунад. Танҳо вазирони корҳои хориҷӣ, дохилӣ ва мудофиа бевосита аз сӯи президент таъйин мешаванд. Мақоми президенти нахустин дар як моддаи дигари Конститутсия низ зикр мешавад.

Конститутсияи феълии Қазоқистон соли 1995 дар назарпурсии умумӣ қабул шуда буд ва баъдтар борҳо ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид.

XS
SM
MD
LG