Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи афсари тоҷик дар додгоҳ шурӯъ мешавад


Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе муҳокимаи як афсари нерӯҳои марзбониро шурӯъ мекунад, ки ба гуфтаи муфаттишон бо рафтори бади худ, як сарбозро ба худкушӣ расондааст.

“Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, як созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми март хабар дод, ки муҳокимаи афсар Саидов Ё рӯзи 7-уми март шурӯъ мешавад. Додситонҳо афсари як воҳиди нерӯҳои марзбони Кумитаи амнияти миллиро бар асосаи моддаи 143-уми Кодекси ҷиноӣ ба шиканҷа муттаҳам мекунанд.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ бо такя ба парванда навиштааст, Саидов “худсарона нақши муфаттишро ба худ гирифта ва ду сарбозро ба дуздии амволи низомӣ муттаҳам кардааст ва аз онҳо хостааст, пули зиёни расондаашонро ҷуброн кунанд.”

Афсар ба сарбозон таҳдид кардааст, ки дар сурати наовардани пул ба додситонӣ хабар медиҳад ва волидонашонро ба қисми низомӣ даъват карда, ҳардуро дар назди дигар сарбозон “беобрӯ мекунад.”

Ба навиштаи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, Ҷаҳонгир Қурбонов, яке аз ин сарбозони қаторӣ ба таҳқирҳои пайваста ва бадрафторӣ тоб намеорад ва моҳи сентябри соли 2016 худкушӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад, ҳарчанд солҳои ахир чандин афсару сарбоз барои муомилаи бад бо ҳамсафонашон ва ё ба худкушӣ расонидани сарбозе ба зиндон маҳкум шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG