Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон хабарнигори боздоштшударо “ҷосуси Олмон” номид


Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – хабарнигори боздоштшуда Дениз Юселро “ҷосуси Олмон” хондааст. Оқои Эрдуғон рӯзи 3 март дар Истанбул гуфт, ки “ин шахс ба муддати як моҳ дар консулгарии Олмон пинҳон буд ва мо гуфтем, то ӯро таслим кунанд, ки ба маҳкама кашида шавад.”

Дениз Юсел, хабарнигори олмонӣ, нахустин журналисти ғарбӣ аст, ки баъд аз табаддулоти нофарҷоми соли гузашта дар Туркия ба иттиҳоми даст доштан дар он боздошт шудааст. Ин хабарнигори дорои шаҳрвандии Олмону Туркия рӯзи 27 феврал дастгир шуд.

Мақомҳои Туркия бар иловаи онки Денизро ба ҷосусӣ муттаҳам карданд, ӯро ҳамчунон ба таблиғот ба нафъи Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муттаҳам ба ташкили кудетои соли гузашта, айбдор намуданд.

Эътирозгарон дар сартосари Олмон ба ҳимоят аз Дениз Юзел роҳпаймоӣ карда, хостори раҳоии ҳарчӣ зуди ӯ шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG