Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия: Путин дар Тоҷикистон аз муҳоҷират низ хоҳад гуфт


Сафири Русия: Путин дар Тоҷикистон аз муҳоҷират низ хоҳад гуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00

Игор Якин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 25 феврал дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Душанбе масъалаи муҳоҷират низ баррасӣ хоҳад шуд. Ӯ гуфт, "ҳоло мушахассан гуфта наметавонам, ки чӣ гуна созишномаҳо дар ин арса ба имзо хоҳанд расид, аммо дар ин соҳа кор идома дорад ва умедворам натиҷаи воқеӣ ба бор хоҳад овард." Раиси ҷумҳури Русия рӯзи 27 феврал бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуда, бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Дар пайи ин сафар имзои ҳафт созишнома дар назар аст. Путиин рӯзи 28 феврал аз Тоҷикистон ба Қирғизистон хоҳад рафт.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG