Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тони Блэр ба хуруҷи Британия аз Иттиҳоди Аврупо мухолиф аст


Белгия - Нахуствазири собиқи Британия Тони Блейр дар нишасти Брюссел. 25 январи соли 2017.
Белгия - Нахуствазири собиқи Британия Тони Блейр дар нишасти Брюссел. 25 январи соли 2017.

Нахуствазири собиқи Британия Тони Блэр ба "Бркзит", ё ба берун рафтани кишвараш аз Иттиҳоди Аврупо мухолиф аст. Ба гуфтаи ӯ кабинети нахуствазир Тереза Мэй махсус барои "Брекзит" таъсис ёфта буд ва бисёр қарорҳоро саросема қабул мекунад.

Блэр, ки рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи мухолифони "Брекзит" сӯҳбат мекард гуфт, бо райъ додан дар реферундум, британиягиҳо аз шартҳои хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврпуо хабар надоштанд. Нахуствазири собиқ даъват кард, ки ба мардуми Британия имкон диҳанд, то мавқеашро дар баробари "Брекзит" бознигарӣ кунад.

Дар реферундуми моҳи июни соли гузашта, теъдоди онҳое, ки ба тарафдории "Брекзит" овоз доданд, дар муқоиса ба мухолифони он ду дар сад бештар буд. Дар миёнаҳои моҳи феврал порлумони Британия тарҳи қонунро дар бораи "Брексит" тасвиб кард ва би ихтиёри Палатаи лордҳо гузошт. Гуфтушуниди берун рафтан бо Иттиҳоди Аврупо то охири моҳи март оғоз мешавад.

XS
SM
MD
LG