Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Беш аз 30 ҳазор дар падарии худ шубҳа кардаанд


Бино ба маълумоти Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар соли гузашта аз сокинони кишвар дар мавриди муайян кардани падарӣ 30 ҳазору 535 муроҷиат ворид шудааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ ду баробар бештар будааст. Далели афзоиши муроҷиат дар ин замина ба фаъол шудани Маркази озмоиши тиббию генетикӣ марбут будааст, ки тавассути он ҳайсияти падару модар (ДНК) мушаххас мешавад.

Ин марказ дар моҳи январи соли гузашта дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ифтитоҳ шуда ва дар ин ниҳод солимии кӯдакони батни модар ва баҳсҳои ҳаққи падарӣ мушаххас хоҳад шуд. Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати сабти асноди шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 25 январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки умдатан муроҷиат барои мушаххас кардани падарӣ аз ҷониби хонаводаҳои ғайрирасмӣ дарёфт мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳангоми никоҳи ғайрирасмӣ дар заминаи тааллуқи кӯдакон, баҳсҳои оилавӣ рух дода ва одатан мардҳо барои муайян кардани падарӣ, муроҷиат менамоянд. Аз ҷумла, дар соли гузашта беш аз 22 ҳазор мард барои мушаххас кардани ҳайсияти фарзандон ба ниҳодҳои зидахл муроҷиат кардаанд. Аз ҷумлаи муроҷиатҳои ворида 642 қазияи муайян кардани падарӣ аз тариқи додгоҳ ҳал шудааст.

XS
SM
MD
LG