Масъулони идораи маорифи Суғд мегӯянд, ки дар соли гузашта 22 хонандаи мактабҳои ин минтақа худкушӣ кардаанд. Осим Каримзода, мудири маорифи вилояти Суғд, рӯзи 23 январ гуфт, дар пайи чунин ҳодисаҳо раҳбарони 18 мактаб аз кор гирифта шудаанд. Вай афзуд, дар чор ҳолате, ки аз қасди худкушии талабаҳо ҷилавгирӣ шудааст, онҳо ризоят додаанд, ки мудирони мактабҳо ба корашон идома диҳанд. “Агар талаба қасди худкушӣ кунад ва ҷон диҳад, он вақт мудири мактаб аз кор меравад. Вале дар чор ҳолат мудирони мактабҳо аз қасди худкушии талабаҳо огоҳ шуда, онҳоро насиҳат карданд ва ба роҳи дуруст роҳнамоӣ намуанд. Барои ҳамин, ба онҳо муҳлат додем, ки ба корашон идома диҳанд”, - афзуд ӯ. Солҳои охир қасд ба ҷони худ кардани наврасон ва ҷавонон дар кишвар, бахусус минтақаи шимол афзудааст. Бисёриҳо мегӯянд, эҳтимол мушкили хонаводаҳо онҳоро ба худкушӣ тела медиҳад.