Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон аз чӣ гуфтанд? САДО


Давлаталӣ Саид ва Рустам Азимов
Давлаталӣ Саид ва Рустам Азимов

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе ба поён расид. То ҳанӯз ҷузъиёти нишаст маълум нест. Аммо Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 28 декабр бо пахши як иттилоияи расмӣ гуфт, ки ҷаласа "дар рӯҳияи созандагӣ ва эҳтироми якдигар" сурат гирифта, тарафҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиёт, саноат, фарҳанг, маориф, варзиш ва тандурустиро баррасӣ намуданд."

Поёни нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00
Линки мустақим

Ин сафари нахустини ҳайати расмии Узбакистон ба Тоҷикистон баъд аз марги Ислом Каримов ва ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Шавкат Мирзиёев аст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ин бештар ҷузъиёт надода, вале дар умум гуфтааст, "натиҷаҳои ҷаласаи баргузоршуда бори дигар таваҷҷуҳи хосаи ҷонибҳоро барои рушди муносибатҳои баробару судманд нишон дод." Манбаъ афзудааст, "ҳарду тараф барномаҳои бузурги ҳамкории босамар, амалӣ намудани тарҳҳои шарикии иқтисодӣ, рушди муколамаи фарҳангӣ ва байни миллатҳоро доранд."

Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон. Акс аз хабаргузории Ховар
Ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон. Акс аз хабаргузории Ховар

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон тайи ду рӯзи охир зери раҳбарии Давлаталӣ Саид – муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва Рустам Азимов – муовини нахуствазири Узбакистон дар Душанбе ҷараён гирифт. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар поёни ин ҷаласа протоколи ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ба имзо расид.

Аммо то ҳол маълум нест, дар ин ҷаласа масъалаи бекор кардан ё содда намудани низоми раводиди Узбакистон баҳс шудааст, ё не? Вале як рӯз пеш, Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон - дар мулоқот бо Рустам Азимов хостори бекор кардани низоми визаи Узбакистон шуда, аз ташаббуси барқарор намудани парвозҳо миёни Тошканду Душанбе истиқбол кард. Вай, инчунин, хост, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон биёяд.

Эмомалӣ Раҳмон бо Рустам Азимов
Эмомалӣ Раҳмон бо Рустам Азимов

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, муносибатҳои Тошканду Душанбе "дар заминаи ҳамсоягии нек, дастгирии якдигар ва кумаки бародарӣ асос ёфта, ҳамеша бо талоши бештар баҳри тақвият додан ва васеъ намудани муносибатҳои дӯстонаи таърихӣ фарқ мекарданд."

Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон, дар раъси як ҳайати расмӣ рӯзи 27 декабр вориди Тоҷикистон шуд. Ин сафари нахустини ҳайати Узбакистон ба Тоҷикистон баъд аз марги Ислом Каримов ва ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Шавкат Мирзиёев аст.

Узбакистон тайи бештар аз 25 соли раҳбарии Ислом Каримов ба як кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ табдил шуда, бо ҳамсояҳояш низ марзҳои минакоришуда ва низоми шадиди раводид ҷорӣ карда буд. Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуд ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт.

Баъди даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри имсол зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид шудааст ва то кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбакистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом дод. Тарафҳо тавофуқ кардаанд, ки парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд моҳи январи соли оянда аз сар гирифта шавад.

Инчунин, аз ибтидои соли 2017 Тошканд мехоҳад, дар Душанбе намоишгоҳи бузурги маҳсулоти Узбакистон, аз саноати мошин то маводи ғизоиро баргузор кунад. Қарор аст, дар ҳошияи ин намоишгоҳ нахустин форуми соҳибкорони узбаку тоҷик дар таърихи ду кишвар барпо шавад.

XS
SM
MD
LG