Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел ба манъи фаранҷӣ ва ниқоб даъват кард


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба манъи либосҳое даъват кард, ки чеҳраи занҳоро пинҳон мекунад. "Мо чеҳраҳои худро пинҳон намекунем, пинҳон доштани чеҳраҳо дар мо қобили қабул нест"- гуфт Меркел зимни суханронӣ дар анҷумани Иттиҳоди Демократҳои Месеҳӣ, ки ӯ раҳбарияшро бар дӯш дорад.

Намояндагони ин ҳизб қаблан барои манъи либоси занонаи исломӣ, ки чеҳраро пинҳон мекунад, аз ҷумла дар додгоҳҳо, ниҳодҳои дигари давлатӣ, инчунин ҳангоми мошинронӣ садо баланд карданд.

Меркел дар суханрониаш гуфт, вазъияте, ки тобистони соли 2015, бо ворид шудани мавҷи паноҳандагон ба Олмон ба миён омада буд, "набояд такрор шавад." Ӯ таъкид кард, ки бахе аз паноҳандаҳо бояд аз кишвар хориҷ шаванд. Садри аъзами Олмон ҳамзамон гуфт, паноҳандагоне, ки ӯ соли гузашта шахсан аз онҳо пуштибонӣ карда буд, аз ҷанг ва таъқиб дар Олмон ҳимоят ёфтанд.

Интизор меравад, ки вакилони анҷуман Меркелро барои бори чаҳорум раҳбари ҳизб интихоб кунанд. Интихоботи Бундестаги Омон ба моҳи сентябри соли 2017 барномарезӣ шудааст. Аз рӯи назарсанҷиҳо ҳизби Меркел пешсаф аст.

XS
SM
MD
LG