Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларзаи шаби 3 декабр минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистонро ларзондааст. Мақомоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон гуфтанд, ки нерӯи ин зилзила ба 3,5 - 4 дараҷаи Рихтер баробар буд. Пажӯҳишгоҳи сейсмологии Қирғзистон низ эълон кард, ки заминларза соати 21:11 дақиқаи шаби шанбе ба қайд гирифта шуда, хисорот надоштааст. Ҳафтаи гузашта заминларзаи 6,5-баллӣ дар марзи Тоҷикистону Чин чанд биноро хароб карда ва дар вилояти Шинҷон як кушта барҷой гузошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, маркази ин зилзила дар 450-километрии қисмати шимоли шарқи кишвар дар ҳудуди Чин буд ва асосан ба хонаҳои чӯпонӣ, ки бархе аз сокинони ҷамоати Қарокӯл дар онҷо муваққатан мезистанд, зарар расондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG