Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп аз бизнес даст мекашад


Президенти мунтахаби Ийолоти Муттаҳаидаи Амрико Доналд Трамп гуфтааст, ки ба хотири тамаркузи бештар ба идораи давлат аз бизнес "комилан" даст мекашад.

"Ман бо фарзандонам 15 декабр дар шаҳри Ню Йорк нишасти густарда доир мекунам ва ин воқеиятро матраҳ мекунам, ки аз бизнеси бузургам комилан хориҷ мешавам, то пурра ба кори идораи кишвар тамаркуз кунам, Амрикоро дубора бузург кунам." Навиштааст Трамп рӯзи 30 ноябр дар Твиттер.

Президенти мунтахаби Амрико гуфтааст, санадаҳои ҳуқуқӣ, ки дар ҳоли омода шудан ҳастанд, ӯро комилан аз фаъолиятҳои тиҷоратӣ берун мекашанд.

XS
SM
MD
LG