Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати алоқа хабари рафтани Ютубро рад кард


Тарҳи маҳдуд кардани синамоҳои онлайнӣ, ки дар баррасии Думаи давлатии Русия қарор дорад, хадамоти видеоӣ ё видеосервиси YouTube-ро маҳдуд намекунад. Дар ин бора муовини вазири алоқаи Русия Алексей Волин хабар додааст. "Ин гуфтугӯҳо, ки YouTube маҳдуд мешавад воқеият надоранд, зеро тарҳи қонун ба маводи касбӣ рабт мегирад на маводе, ки корбарон тавлид мекунанд", - гуфтааст ин мақомдори Русия.

Субҳи 30 ноябр нашрияи "Коммерсант" бо такя ба кумитаи ҳуқуқии Иттиҳодияи иртибототи васоити ахбори омма навишт, ки агар тарҳи қонун дар бораи маҳдуд кардани синамоҳои онлайнӣ қабул шавад, видеосервиси YouTube аз Русия меравад. Нашрия ҳамчунин таъкид кард, ки дар YouTube маводи ҳирфаӣ ва ҳам ҳаваскорона нашр мешаванд ва роҳи ҷудо кардани яке аз дигаре вуҷуд надорад.

Тарҳи қонун рӯзи 25 ноябр дар ихтиёри Думаи давлатӣ қарор гирифт. Дар асоси ин тарҳ аз 1 июни соли 2017 фаъолияти хадамоти видеоӣ, ки 20 дар сади он ба хориҷиҳо тааллуқ дорад, мамнӯъ мешавад. Ҳамзамон ин тарҳ фаъолияти сервисҳоеро, ки асосан маводи ҳаваскорона пешниҳод мекунанд, истисно кардааст. Таносуби маводи видеоиро "Роскомнадзор" муайян мекунад.

XS
SM
MD
LG