Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бегонаситезӣ" калимаи сол эълон шуд


Биноба фарзияи вожаномаи онлайнии Dictionary.com калимаи "ксенофобия" ё "бегонаситезӣ" маъруфтарин калимаи сол будааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN дар саҳифаи Твиттераш хабар додааст.

Ба гуфтаи таъсисдиҳандагони ин манбаи онлайнӣ бештари одамон соли равон ба мӯҳтавои ин калима таваҷҷӯҳ кардаанд. Ба гуфтаи Dictionary.com дар давоми сол теъдоди ҷӯяндагони маънои ин калима дар пасманзари бӯҳрони марбут ба паноҳандагони Сурия, хориҷ шудани Британия аз Иттиҳоди Аврпуо ва маъракаи интихоботӣ дар Амрико шадидан боло рафт.

Дар таърихи аз 22 то 23 июн, замоне, ки Британия референдуми берун шудан аз Иттиҳоди Аврпуоро баргузор мекард, шумори ҷӯяндагони маънои ин калима 938 дар сад афзоиш ёфт.

Мавҷи дигари таваҷҷӯҳ ба калимаи "бегонаситезӣ" дар ҳоле рӯ ба боло овард, ки президенти Амрико Барак Обма дар тасвири маъракаи интихоботии Доналд Трамп калимаи "бегонаситезӣ"-ро ба кор бурд.

Dictionary.com 16 сол боз калимаи солро муаян мекунад Ҳангоми интихоб меёрҳое чун теъдоди ҷустуҷӯ ва назари коршиносони вожанома ба эътибор гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG