Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавомаймое бо тими Бразил дар Колумбия суқут кард


Як ҳавопаймои мусофирбари иҷоравӣ бо бозигарони тими футболи Бразил дар Колумбия суқут кард. Ҳавопаймо, ки бо шумули 9 сарнишин, 81 мусофир дошт, рӯзи 28 ноябр дар канораҳои шаҳри Меделлин сарозер шуд. Мақомоти Колумбия мегӯянд, аз ин садама дастикам 6 нафар ҷон ба саломат бурдаанд.

Ин ҳавопаймо бозигарони тими "Чапекоэнс"-и Бразилро барои иштирок дар бозии ниҳоии Ҷоми Амрикои Ҷанубӣ мебурд, ки қарор буд 30 ноябр баргузор шавад. Сабаби суқути ҳавопаймо мушаххас нест, аммо ҳавои он рӯз бо борону тундар нохуб арзёбӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG