Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кохи Сафед иддаои Трампро дар бораи тақаллубкорӣ рад кард


Кохи Сафед иддаои Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА-ро, ки гуфт, "агар миллионҳо одам ғайриқонунӣ овоз намедоданд", дар райъпурсии мардумӣ низ пирӯз мешуд, рад кард. Маъмурияти Амрико гуфтааст, далеле вуҷуд надорад, ки суханҳои Доналд Трампро тасдиқ кунад.

Президенти нави Амрико ин иддаои худро 27 ноябри соли равон дар Твиттер баён дошт. Вай гуфт, ҳангоми раъйдиҳӣ дар Вирҷиния, Ню-Ҳампшир ва Калифорния, аёлатҳое, ки дар онҳо рақибаш аз Ҳизби демократ Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд, қонуншиканӣ сурат гирифтааст. Вале ҳеч гуна далеле пешниҳод накард.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ситоди интихоботии Клинтон гуфт, аз бозшумории овозҳо дар Висконсин, ки бо ташаббуси номзади Ҳизби сабз сурат мегирад, ҳимоят мекунад. Бар пояи натоиҷи райдиҳии мардумӣ, Клинтон аз Трамп ду миллион овози бештар касб кардааст. Вале натиҷаи интихоботи президентии ИМА-ро раъйи коллегияи интихобкунандагон ҳал мекунад.

XS
SM
MD
LG