Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теҳрон писари рӯҳонии инқилобиро зиндонӣ кард


Додгоҳе дар Эрон писари яке аз поягузорони инқилобро барои пахши навори даҳсолаҳо пеш, ки дар он падари ӯ қатли саросарии зиндониён дар соли 1988-ро интиқод мекард, ба муддати шаш сол равонаи зиндон кард. Матбуоти Эрон менависад, додгоҳи шаҳри Қум рӯзи 27 ноябр Аҳмад Мунтазириро бо ҷурми "амалкарди алайҳи амнияти Эрон" ва "пахши навори маҳрамона" зиндонӣ намуд. Додгоҳ дар оғоз барои ҳар иттиҳом ба Мунтазирӣ 10 соли зиндон ва як соли дигарро барои ҳаракатҳои "зидди режим" раво дид.

Аммо баъдан бо назардошти инки ӯ дар гузашта доғи судӣ надошт ва бародараш дар ҳуҷуми гурӯҳи марксистӣ, ки Теҳрон онро "созмони террористӣ" медонад кушта шуд, ҳукми зиндон ба шаш сол коҳиш ёфт. Ин рӯҳонии 60-сола писари Оятулло Ҳусейн Алӣ Мунтазирӣ аст, ки солҳо шарики дасти рости Оятуллоҳ Хумайнӣ, падари инқилоби Исломии Эрон буд. Ҳусейн Мунтазирӣ соли 2009 аз дунё гузашт.

Моҳи август Аҳмад Мунтазирӣ навори 40-дақиқагии падарашро пахш кард, ки соли 1988 сабт шуда, дар он Ҳусейн Мунтазирӣ бо мақомоти аршади адлия дар бораи эъдомҳо баҳс мекард. Бино ба гуфтаи Amnesty International, мақомоти Эрон 5 000 зиндонии дигарандеши сиёсиро дар соли 1988, охирҳои ҷанги ин кишвар бо Ироқ, эъдом кардааст. Мунтазирӣ яке аз раҳбарони ангуштшумори Эрон буд, ки алайҳи фармони Хоманеӣ оид ба эъдомҳо садо баланд кардааст.

XS
SM
MD
LG