Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао дорад, ки субҳи 28 ноябр гурӯҳе аз сарҳадбонҳои тоҷик вориди як минтақаи баҳсӣ дар ҷануби вилояти Бодканд шуда, ба ҳаво се тир холӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, аз ин ҳодиса хабар дорад ва ба зудӣ ҷузъиёташро эълон мекунад. Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “сарҳадбонҳои қирғиз низ дар ҷавоб ба ҳаво тир холӣ карданд. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.” Баъди ин ҳодиса мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон сӯҳбат карда, ба хулосае расидаанд, ки “бояд ба “провакатсия” дода нашаванд.”

Аз 976 километр марзи муштараки байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километр пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Мушкили аслӣ дар мушаххас кардани хатти марз такяи ду кишвар ба харитаҳои мухталифи марзбандӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор меравад. Мушаххас набудани хатти марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуда ва мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу заминҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Аз ҷумла, соли 2014 дар минтақаҳои баҳсии ин марз, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву танишҳои марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG