Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савоб ба ҷойи пул дар як хатсайри Душанбе. ВИДЕО


Як ронандаи тоҷик ҳар рӯзи ҷумъа ба мусофирон дар як хатсайри Душанбе бепул хидмат мерасонад. Хӯҷамурод Ҳалимов мегӯяд, ҳарчанд иқдоми ӯро иддае шӯхӣ мефаҳманд, вале дуои неки мардум барояш кофист. "Инро мешавад хайр номид, ё бахшиши гуноҳ. Ҳамаи мо инсон ҳастем ва шояд дар ҷое гуноҳ кардем ё ҳаққи касеро хӯрдем. Ҳамин ки мардум ба гузаштаҳоят раҳмат мегӯянд, кофист," - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Кори неки ронандаи савобҷӯй дар рӯзҳои ҷумъа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00

Муҳити хонаводаеро, ки Хӯҷамурод тарбия дидааст, наметавон мазҳабиёни усулгаро номид. Аммо ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки ба қавли худаш мехоҳад, "имон бо амал мутобиқат кунад". Вай гуфт, "солҳои зиёд дар Русия кор карда, хайру сахоро аз соҳибкорони миллатҳои дигар омӯхтам. Пайваста ин суолро ба худ медодам, ки чаро халқи мо чунин намекунад? Чаро, баръакс, дар вақти идҳо нархро боло мебарем? Қавл дода будам, баъди бозгашт ба мардум ёрӣ мерасонам. Яъне, агар соҳиби мошин ё дӯконе шавам, ҳатман кори хайрро пеша мекунам ва ҳоло ба ниятам расидам."

Хӯҷамурод Ҳалимов
Хӯҷамурод Ҳалимов

Хӯҷамурод сокини шаҳри Ваҳдат аст ва баъди кор ба хона мешитобад. Вай бо Дилбар Юнусова 21 сол пеш издивоҷ карда ва ҳоло соҳиби чаҳор фарзанд аст. Кори Хӯҷамурод Ҳалимов барои аҳли хонаводаи ӯ як амали маъмулӣ менамояд ва бинобар ин ҳангоми пурсиш ҳаяҷон ё эҳсоси аҷобат надоштанд.

Дилбар Юнусова гуфт, "мо бо ин рафтори ӯ одат кардем. Мардуми шаҳр ҳама ҳайрон мемонанд. Ҳангоми дар мошин нишастанд дубораву себора мепурсанд, ки воқеан бепул аст? Ҳеҷ кас бовар намекунад."

Хӯҷамурод Ҳалимов барои анҷоми кори хайр ҳар рӯзи ҷумъа 50 литр солярка ҷудо карда, аз соати 6-и субҳ то 8-и бегоҳ тибқи реҷаи маъмулӣ мусофиркашӣ мекунад. Ин андозаи масрафи якрӯзаи ӯст ва ҳудудан то 20 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Роҳкиро нагирифтани Хӯҷамурод баъзан мизоҷонро ҳайрон мекунад, ё шӯхиаш мепиндоранд ва айни замон касоне низ ҳастанд, ки бо ҳисси нобоварӣ ба он менигаранд. Як пирамард, ки дохили мусофирбари Хӯҷамурод буд, гуфт, «фикр мекунам, ки дар замони имрӯзаи мо чунин рафтор аз ҳақиқат дур ва боварнокарданист. Одамон дигар кам некӣ мекунанд.»

Хӯҷамурод ҳам мегӯяд, ҳастанд нафароне, ки хайри ӯро дарк намекунанд. «Баъзе одамон инро шӯхӣ мефаҳманд. Бовар намекунанд. Як ҷавон гуфт, ки имкони пул доданро дорам. Аз инки гуфтам, пулаш даркор нест, хафа ҳам шуд.»

Иқдоми нек ё як рӯзи мусофирбарии ройгон эълон кардани ин ронанда дар ҳолест, ки дар ин авохир дар Душанбе баҳсу муноқишаи ронандаҳо бо мусофирон сари роҳкиро хеле зиёд ба назар мерасад ва тақрибан ҳар рӯз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз муносибати дағали ронандаҳо шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG