Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: "Шӯрои уламо метавонад ба сабукӣ дар рӯзадорӣ фатво диҳад"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Президенти Тоҷикистон гуфт, Шӯрои уламо метавонад, ки бар пояи ояҳои қуръонӣ ва муқаррароти мазҳаби ҳанафӣ фатво содир намояд, то давоми моҳи Рамазон ба кишоварзону коргарон ва дигар шахсоне, ки корҳои вазнинро анҷом медиҳанд, осонӣ пайдо шавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон, ки шаби гузашта аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ пахш шуд, аз имтиёз ва сабукӣ аз ҷониби шариати исломӣ дар гирифтани моҳи мубораки Рамазон ишора кард. Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита аз ояи 185-уми сураи “Бақара” ёдовар шуд, ки Худованд мефармояд, «…Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад…».

Ин аст, ки ҷаноби Раҳмон гуфт, ки имсол моҳи Рамазон дар гармиҳои тобистон рост омад ва шояд гирифтани рӯза барои гурӯҳе аз калонсолон, барҷомондагон, беморон ва афроде, ки корҳои вазнинро анҷом медиҳанд, сахтиҳо орад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, Шӯрои уламои марказии исломии Тоҷикистон метавонад бар пояи муқаррароти мазҳаби Имоми Аъзам ва сабукиҳои фармудаи Худованд дар ин оят, фатво содир намояд.

Президенти Тоҷикистон аз ҷумла ишора намуд, ки имрӯзҳо мавсими ҷамъоварии ҳосил аст ва гар ҳосили бо заҳмат парваришшуда, ки ризқу рӯзии мардуми кишоварз мебошад, дар вақташ ҷамъоварӣ нашавад, ин амал боиси ба сахтӣ дучор омадани рӯзгори мардум мегардад."

Ин дар ҳолест, ки Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон эълон кард, ки дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон гармии ҳаво то 41 дараҷа хоҳад расид. Рамазон дар Тоҷикистон имрӯз, 18 июн оғоз ёфт ва шаби чаҳоршанбеи 17-уми июн дар ҳама масоҷиди Тоҷикистон нахустин намози таровеҳ бо ҳузури ҳазорҳо тан аз мусалмонони кишвар баргузор шуд ва субҳи имрӯз мардум рӯза доштанд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қаблан оғози моҳи шарифи Рамазонро панҷшанбеи 18-уми июн эълом карда буд. Дар бисёре аз кишварҳои исломӣ низ, 18-уми июн аввали моҳи мубораки Рамазон эълон шудааст.

Бо ишора ба моҳи покӣ, бахшоиш ва накӯкорӣ будани Рамазон, президенти Тоҷикистон аз ҷалб шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва қурбон шудани онҳо дар ҷанги мардумони бегона изҳори нигаронӣ кард ва аз падару модарон хост, фарзандони худро аз чунин роҳ баргардонанд ва онҳоро ба ҳаёти осуда ва созанда раҳнамоӣ кунанд.

"Бо истифода аз фурсат, аз ҳар як фарди мусулмони кишвар даъват менамоям, ки ҷавонон ва фарзандони худро аз роҳи бад гардонанд ва нагузоранд, ки онҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ шуда, хешро қурбони манфиату дасисаи қудратхоҳону бегонагон созанд," -- гуфт дар паёми идонааш раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз аз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

Тибқи тасмими Шӯрои уламои дини Тоҷикистон, рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон анҷоми саҳархӯрак соати 3:05 дақиқа ва ифтор ё шом 20.00 муқаррар шудааст. Ҳамчунин бар асоси тасмими Шӯрои уламо, андозаи садақаи Фитр баробар ба ду кило гандум, яъне 4 сомонӣ таъин гардида ва ҳамчунин аз 12 ҳазор сомонӣ 200 сомонӣ закот муайян шудааст. Шӯрои уламо ба кӯтоҳ хонда шудани намози таровеҳ ва хатми Қуръон дар шабҳои рамазонӣ таъкид кардааст. Сабаби ин амр гармии ҳаво ва хаста шудани мардум унвон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG