Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки вакилони тоҷик дар ҳамоиши Санкт-Петербург


Вакилони парлумони Тоҷикистон дар баҳсҳои комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург ширкат доранд. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 23 ноябр тавассути телефон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баҳсу баррасиҳо дар комиссияҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ умдатан дар атрофи масоили ҳамоҳангсозии санадҳои ҳуқуқии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва таҳияи санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ дар мавриди ба танзим даровардани фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонӣ сурат гирифтаанд. Дар назар аст, фардо, 24 ноябр Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва раҳбари ҳайати парлумонии Тоҷикистон, бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия дидору гуфтугӯ кунад.

XS
SM
MD
LG