Пайвандҳои дастрасӣ

Дар садамаи қатор дар Ҳиндустон беш аз 100 нафар ҷон бохтанд


Дар натиҷаи садамаи қатор (поезд) дар Ҳиндустон дастикам 96 нафар ҷони худро аз даст доданд. Мақомоти пулиси Уттор-Прадеш, аёлате дар шимоли Ҳиндустон, ки садама субҳи 20 ноябр дар онҷо рух дод, гуфтанд, дар лаҳзаҳои аввал аз марги 63 нафар гузориш шуда буд. Дар ин ҳодиса 150 тани дигар захм бардоштаанд. Суреш Прабҳу, вазири роҳи оҳани Ҳиндустон, дар Твиттер навишт, давлат фардо иллатҳои ҳодисаро таҳқиқ хоҳад кард. Бори аввал нест, ки дар роҳи оҳани Ҳиндустон садамаи маргбор рух медиҳад. Соли гузашта дар аёлати Уттор-Прадеш садамаи ба ин монанд ҷони 39 нафарро гирифта ва 150 захмӣ барҷой гузошта буд. Ҳиндустон бо тақрибан 65 ҳазор километр роҳи оҳан аз ин нигоҳ баъди Амрико, Русия ва Чин қарор дорад.

XS
SM
MD
LG