Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаи таслияти Русия нисбат ба ҳалокати 7 муҳоҷири тоҷик


Бинои Вазорати умури хориҷии Русия

Бинои Вазорати умури хориҷии Русия

Вазорати корҳои хориҷии Русия нисбат ба марги ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон дар сӯхторе дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварии вилояти Тюмен ибрози таслият кардааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, гуфт, номаи таслиятро рӯзи 19 ноябр дарёфт карданд ва дар онҷо ҳалокати муҳоҷирони тоҷик "рӯйдоди фоҷиавӣ" унвон шудааст. Шаби гузашта дар сӯхторе дар вилояти Тюмен ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохта, се тани дигар дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтаанд. Ин муҳоҷирон аз 19 то 29 сол доштанд. Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун сӯхтор ва ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофирӣ шумурда мешаванд.

XS
SM
MD
LG