Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Қазоқистон қарореро "Дар бораи Тартиби муайянсозӣ ва додани мукофот барои иттилое, ки дар пешгирӣ аз амали террористӣ кумак мекунад" қабул кард. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2017 ба иҷро медарояд. Мақомоти Қазоқистон мегӯяд, онҳое, ки дар бораи омодашавии ҳамлаҳои террористӣ хабар медиҳад, мукофот мегиранд. Маблағи мукофот аз 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо то ҳазорон нишондиҳанда муайян шудааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Қазоқистон ба 6,2 доллари ИМА баробар аст. Дар қарор омадааст, ки танҳо дар сурати муҷозот шудани айбдоршавандаҳо ва ё ба табобати маҷбурӣ фиристодани онҳо ба афроди хабаррасон мукофот дода мешавад. Лоиҳаи қарори мазкурро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон таҳия кардааст.

XS
SM
MD
LG