Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керри рӯзҳои наздик ба Қутби Ҷануб меравад


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри нахустин мансабдори баландпояи ҳукумати Амрико хоҳад буд, ки ба Қутби Ҷануб ё Антарктида сафар мекунад.

Вай рӯзҳои наздик ба Қутби Ҷануб меравад. Ҷон Керри аз пойгоҳи Мак-Мердо дидан мекунад ва аз он ҷо мустақиман ба пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии ИМА дар Қутби Ҷануб меравад.

Намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҷон Кирби мегӯяд, рост омадани сафари Ҷон Керри ба Қутби Ҷануб бо интихоботи ИМА танҳо ба хотири боду ҳавои мусоид аст. Ҷон Керри пеш аз муҳлат раъй дода ва ба сафар омода мешавад.

Дар Қутби Ҷануб Ҷон Керри бо фазои таҳқиқотӣ ошно мешавад ва аз мамнуъгоҳи Росса дидан мекунад. Котиби давлатии ИМА дар бунёди мамнуъгоҳи бузурги баҳрии Росса нақши муҳим дорад. Шуруъ аз 1 январи соли 2017 созишномаи байналхалқӣ дар бораи мамнуъгоҳ қуваи қонунӣ пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG