Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои Ироқ 6 маҳаллаи шаҳри Мавсилро аз ДИИШ бозпас гирифтанд. ВИДЕО


Низомиёни Ироқ мегӯянд, ки нерӯҳои онҳо шаш маҳаллаи шарқи шаҳри Мавсилро аз гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" раҳо карданд.

Хадамоти зиддитероористӣ рӯзи 4 ноябр гуфт, ки нерӯҳояш маҳаллаҳои Малайен, Самоъ, Хадра, Каркукли, Қудс ва Карамро таҳти назорат гирифтанд.

Гузоришҳо мегӯянд, ки нерӯҳои ҳамлавар ба мухолифати шадид, аз ҷумла тирпаронӣ аз силоҳи автоматӣ, хумпораандоз, бомба ва мушакандозӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Аз замони оғози амалиёти зидди ДИИШ дар Мавсил ин шадидтарин даргирӣ дар шаҳр номбар мешавад.

Гузоришҳо аз пешрафти нерӯҳои ироқӣ дар ин минтақа дар ҳоле пахш мешаванд, ки як рӯз пеш раҳбари гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" аз тариқи интернет аз пайравонаш даъват кард, ки Мавсилро аз даст надиҳанд.

Қаламрави ба дастовардаи нерӯҳои Ироқ танҳо як бахши шаҳр аст.

XS
SM
MD
LG