Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии миллатгароёни "Русский марш" дар Маскав


Дар минтақаи Люблинои Маскав раҳпаймоии миллатгароёни "Русский марш" ҷараён дорад. То оғози раҳпармоӣ дар кӯчаи Перерва теъдоди миллатгароён 500 нафар шумурда шуд.

Иштирокдорони ин амал бо шиорҳои "Русия озод мешавад", "Банди зидди экстремизмро лағв кунад", парчам Русияи подшоҳӣ ва парчами сурхро бо намоди хуршеди дар ҳоли чархиш баланд бардоштанд.

Чораҳои амниятӣ дар ин минтақа таҳким ёфта "марш" таҳти назорати пулис мегузарад. Соли равон ҳукумати Маскав ба баргузории "Русский марш" иҷозат доданд, аммо қабл аз ин ба чанд дархости онҳо посухи рад дода шуд. Яке аз раҳбарони "марш" Дмитрий Демушкин рӯзи 21 октябр боздошт ва ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд.

Маскав макони кору зиндагии ҳазорҳо муҳоҷири кории Осиёи Марказӣ аст ва дар мавридҳои баргузории "Руский марш" ҳам сафорати кишварҳо ва ҳам фаъолони муҳоҷирон ба онҳо машварат медиҳанд, ки аз баромадан ба кӯчаҳо худдорӣ кунанд.

Муҳоҷирони корӣ дар Русия пайваста мавриди ҳамлаи миллатгароёне қарор мегиранд, ки буду боши чеҳраҳои ғайриславяниро дар ватани худ хуш надоранд.

XS
SM
MD
LG