Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози афғонҳо ба ҳамлаи ҳавоӣ дар Қундуз


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Даҳҳо нафар дар Қундузи Афғонистон алайҳи ҳамлаҳои ҳавоӣ, ки ба гуфтаи ҷамъомадагон хисороти ҷонии мардуми мулкиро ба бор овардааст, даст ба эътироз заданд. Эътирозгарон рӯзи 3 ноябр бо ҷасади 20 нафар, бо шумули кӯдакон аз кӯчаҳои Қундуз убур карданд.

Мақомоти маҳаллӣ бидуни зикри номи худ гуфтанд, ки ҳамлаи ҳавоӣ дар минтақаи Бурҷи Қандаҳор, канораҳои шаҳр сурат гирифт, вале онҳо дар бораи хисороти ҷонӣ изҳори бехабарӣ карданд.

Ҳамчунин маълум нест, ки ҳамлаи ҳавоиро нерӯҳои Афғонистон анҷом доданд ё хайр.

Рӯзи 3 ноябр ҳамчунин 2 сарбози амрикоӣ ҳангоми кӯмак ба нерӯҳои амниятии Афғонистон, ки дар канораҳои Қундуз алайҳи Толибон амалиёт пеш мебаранд, кушта шуданд.

Рабти ин ду ҳодиса бо ҳам то ҳол рушан нест.

Таҳаввулоти ахир баёнгари вазъи шиканандаи амниятӣ дар атрофи Қундуз аст, ки моҳи гузашта Толибон ба он ворид шуда буданд.

XS
SM
MD
LG