Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи тафтишот марги масхарабозро таҳқиқ мекунад


Олег Попов
Олег Попов

Намояндагии Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Ростов ба таҳқиқи марги масхарабози машҳур Олег Попов оғоз кард. Попов рӯзи 2 ноябр ҳангоми сафари ҳунарӣ дар вилояти Ростов аз дунё гузашт. Иллати марги мазхарабозро раҳбари сирки Ростов Дмитрий Резниченко аз тапиш бозмондани қалб хондааст.

Олег Попов ҳунарнамоиро ҳамчун дорбоз оғоз кард ва дар соли 1951 аввалин бор дар нақши масхарабоз ба саҳнаи сирки Саратов баромад. Ӯ баъдан дар дастаи сирки ҷавонон кор карда, то ба саҳнаи Сирки давлатии Маскав расид. Ӯ бештар бо нақши "далқаки офтобӣ" шӯҳрат пайдо кард.

Бо хоҳиши духтараш Олег Поповро дар Олмон ба хок месупоранд. Масхарабози машҳур аз соли 1991 дар он ҷо кору зиндагӣ дошт. Попов соли 2015 бори аввал ба Русия баргашт.

XS
SM
MD
LG