Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Покистон васиқаи духтари чашмобиро рад кард


Додгоҳе дар Покистон дархости бо васиқа озод кардани Шарбат Гул -- занеро, ки акси кӯдакии ӯ бо чашмҳои обиаш дар муқоваи маҷаллаи National Geographic ӯро машҳури ҷаҳон карда буд, рад кард. Шарбат Гул рӯзи 28 октябр бо иттиҳоми зидагӣ бо мадорики тақаллубии ҳуввият дар Пешовар боздошт шуд. Иттиҳоме, ки худи Шарбат Гул рад мекунад.

Додситон Муҳсин Довар гуфт, ки додгоҳи Пешовар дархостро ба далели набудани шаҳодати собиткунандаи шаҳрвандии Покистон рад кард. Вакилони Шарбат Гул ба додгоҳ гуфтанд, ки ӯ чаҳор кӯдак дорад, ки пойбанди модар ҳастанд ва худи Шарбат низ гирфтори бемории ҳепотити С аст.

Дар ҳамин ҳол сафири Афғонистон дар Исломобод, Умар Захирвол аз нахуствазири Покистон Навоз Шариф даъват кард, ки ба озодшавии Шаарбат гула мусоидат кунад.

Исломобод чанде пеш мубориза бо муҳоҷирони ғариқонунии афғон дар қаламрави ин Покистонро шадидтар кард. Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид ҳудуди 1 миллону 400 000 муҳоҷири афғон дар қаламрави Покистон паноҳ ёфтаанд.

Шарбат Гул, ки ҳоло 40 сол дорад, соли 1984 дар ҳоле машҳур шуд, ки аккоси саҳнаҳои ҷанг Стив МакКури сурати ин кӯдаки чашмобиро дар муқоваи маҷаллаи National Geographic нашр кард. МакКури Шарбат Гуларо дубора, баъди 22 сол дар Афғонистон пайдо кард.

XS
SM
MD
LG