Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз Трамп хост, ки робитаҳояшро бо Русия ошкор кунад


Ҳиллари Клинтон, номзад ба мақоми президентии Амрико аз Ҳизби демократ гуфтааст, рақибаш Доналд Трамп бояд тамоми робитаҳоеро, ки бо Кремл дорад, ошкор кунад. Ҳиллари Клинтон зимни суханрониаш дар аёлати Оҳаё рӯзи 31 октябр гуфт, Владимир Путин, президенти Русия барои расидани Трамп ба мақоми президентии Амрико талош дорад. Бино ба пешбиниҳои вай, гӯиё Кремл ба хотири кумак ба Трамп зидди ИМА ҳамлаҳои кибериро роҳандозӣ кардааст.

Доналд Трамп дар навбати худ иддаои Клинтонро, ки мегӯяд ӯ "одам"-и Русия аст, рад мекунад. Аз сӯи дигар, Маскав низ иддаои дахолати Кремл дар интихоботи президентии ИМА-ро рад карда, Ҳиллари Клинтонро ба барангехтани адоват зидди Русия дар маъракаи пешазинтихоботияш айбдор мекунад. Қарор аст, интихоботи президентии ИМА 8 ноябр баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG