Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майдони Ислом Каримов дар маркази Маскав


Майдоне дар маркази пойтахти Русия номи нахустин президенти Узбакистон Ислом Каримовро мегирад. Дар ин бора шаҳрдории Маскав хабар додааст. Сухан аз боби як майдони беном дар кӯчаи Болшая Полянка аст. Дар шаҳрдории Маскав гуфтанд, ки Ислом Каримов номгузорӣ шудани ин майдонро донишмандон, сиёсатмадорон ва аҳли ҳунари Русия ва Узбакистон дархост кардаанд.

Дар бораи марги Ислом Каримов ҳукумати Узбакистон 2 сентябр хабар дод. Бинобар изҳороти ҳукумат, Каримов дар натиҷаи хунрезии мағзӣ аз пой афтод ва дигар ба худ наомад. Президенти Русия Владимир Путин ба хотири гиромидошти хотираи нахустин президенти Узбакистон рӯзи 6 сентябр, баъди се рӯзи ба хок супурдани Каримов ба Самарқанд омад.

XS
SM
MD
LG