Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати амрикоӣ сари қабри Ислом Каримов гул гузошт


Муовини котиби давлатии ИМА дар умури сиёсӣ Томас Шэннон дар доираи сафараш ба Узбакистон рӯзи ҷумъа ба Самарқанд рафт ва он ҷо сари қабри Ислом Каримов гул гузошт. Томас Шэннонро дар сафари Самарқанд вазири корҳои хориҷии Узбакистон, сафири ИМА дар ин кишвар ва шахсони дигар ҳамроҳӣ кардаанд. Шэннон дар Самарқанд аз ёдгориҳои дигар низ дидан кардааст. Муовини котиби давлатии ИМА дар Узбакистон бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷориву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG