Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: Ҳукми қатлро баргардонед


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, бо пешниҳоди тарҳе аз порлумони кишвараш хоҳад хост, ки дубора ба иҷрои ҳукми қатл иҷозат диҳанд. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Эрдуғон рӯзи 29 октябр дар Анкара дар ҷамъи ҳаводорони худ пешбинӣ кард, ки порлумон ба ин тарҳ раъйи мусбат хоҳад дод. Раиси ҷумҳури Туркия афзуд, агар порлумон дар мавриди бозгашти ҳукми қатл мувофиқат кунад, ӯ низ ин лоиҳаро имзо хоҳад гузошт. Порлумони Туркия дар соли 2004 бо ҳадафи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо иҷрои ҳукми қатлро боздошт. Аммо дар пайи табадуллоти давлатии нфоарҷом дар моҳи июли имсол дар Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон борҳо дар ҷамъи ҳаводорони худ аз “ҳукми қатли омилони кудето” ҳимоят кардааст.

XS
SM
MD
LG