Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин тарҳи азсаргирии ҳамлаҳоро дар Ҳалаб рад кардааст


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – тарҳи азсаргирии амалиёти ҳавоӣ дар Ҳалаби Сурияро рад кардааст. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, гуфт, ки ин тарҳ аз сӯи Вазорати дифои Русия пешниҳод шуда буд, вале Путин бо он мувофиқат нанамуд.

Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки тайи 10 рӯзи гузашта ҳамлаҳо ба шарқи Ҳалабро мутаваққиф кардааст, то сокинони осоиштаи ин минтақа битавонанд аз он хориҷ шаванд.

Бино ба гузориши хабаргузории Фаронса, Дмитрий Песков рӯзи 28 октябр гуфтааст, “раиси ҷумҳури Русия дар ҳоли ҳозир азсаргирии бомбаборони Ҳалабро муносиб намедонад. Ӯ ба ин бовар аст, ки бояд оташбаси дӯстона идома ёбад.” Соате пеш аз изҳороти сухангӯи Кремлин, Вазорати дифои Русия эълон карда буд, ки аз раиси ҷумҳури ин кишвар дархост кардааст, баъди 10 рӯзи таваққуфи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шарқи Ҳалаб, барои азсаргирии ин ҳамлаҳо ризоят диҳад.

Ҳамзамон бо ин изҳорот, гузоришҳо баёнгари он аст, ки шӯришиёни Сурия рӯзи 28 октябр амалиётро барои шикастани муҳосираи шарқи Ҳалаб, ки дар иҳотаи артиши Сурия ва нерӯҳои муттаҳиди он қарор дорад, оғоз кардаанд. Ин ҳамла бо оташи шадиду инфиҷори худравҳои бомбгузоришуда ҳамроҳ буд.

Дмитрий Песков

Дмитрий Песков

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон мегӯяд, дар ҳамлаҳои мухолифин ба минтақаи таҳти назорати нерӯҳои давлатӣ дар ғарби Ҳалаб дар рӯзи ҷумъа ба камияш 15 ғайринизомӣ кушта ва 100 нафар низ захмӣ шудаанд. Бо ин ҳол сухангӯи Кохи Кремлин таъкид кардааст, бар рағми таваққуфи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шарқи Ҳалаб, Русия аз ҳама абзорҳо барои ҳимоят аз артиши Сурия истифода хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Сергей Рудовский, як мақоми аршади низомии Русия низ гуфтааст, Маскав омодааст, пешниҳодҳо барои беҳбуди вазъияти инсонӣ дар шарқи Ҳалабро низ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ӯ дар айни замон ҳушдор додааст, ки мухолифин набояд аз таваққуфи ҳамлаҳо барои дастёбӣ ба ҳадафҳои худ сӯистифода намоянд.

Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки тайи 10 рӯзи гузашта ҳамлаҳо ба шарқи Ҳалабро мутаваққиф кардааст, то сокинони осоиштаи ин минтақа битавонанд аз он хориҷ шаванд.

Ин дар ҳолест, ки тайи ҳафтаҳои ахир ҷомеаи байналмилалӣ хашми худро нисбат ба бомбаборонҳои ҳукумати Сурия ва Русия алайҳи шаҳрвандони Сурия эълон карданд. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, рӯзи 27 октябр зимни маҳкум кардани бомбаборони як мадраса дар Идлиби Сурия, ки гуфта мешавад ба камияш 22 кӯдак дар он ҷон бохтаанд, хостори таҳқиқоти фаврии байналмилалӣ дар ин хусус шудааст.

Дахолати густардаи низомии Русия дар нооромиҳои Сурия як сол пеш оғоз шуд. Кремлин барои кумак ба артиши Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, дар амалиёти заминӣ бомбаафканҳояшро фиристод, ки ба афзоиши нерӯи режими Димишқ дар задухӯрдҳо сабаб шудааст. Аммо Русия борҳо гуфтааст, ки бо террористҳо мубориза мебарад ва ба мардуми мулкӣ ҳадафмандона зарба назадааст.

Бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷанги тақрибан шашсолаи Сурия на камтар аз 250 ҳазор одам кушта ва беш аз 11 миллион гуреза шудаанд. Ахиран Башор Асад дар як суҳбат бо нашрияи русии "Комсомолская правда" гуфт, кишвараш ба майдони ҷанги Русия бо Ғарб табдил ёфтааст ва ин ҷанг, ба қавли ӯ, «бештар аз ҷанги сард аст».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG