Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Обама аз Эрдуғон: Ҳамлаҳои зидди ДИИШ ҳамоҳанг шаванд


Президенти ИМА Барак Обама аз раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон даъват кардааст, ки ҳамлаҳои Туркияро зидди созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) бо Ироқ ҳамоҳанг созад. Обама ва Эрдуғон зимни суҳбати телефонӣ, муборизаи муштараки Туркия ва Ироқ зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро баррасӣ кардаанд. Тавре хадамоти матбуотии Кохи сафед хабар медиҳад, ҳам Обама ва ҳам Эрдуғон истиқлол ва ягонагии марзии Ироқро ҷонибдорӣ кардаанд. Обама "аз муколамаи Туркияву Ироқ" ҷонибдорӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА аз Туркия барои пуштибонӣ аз мухолифони Сурия зидди ДИ изҳори ташаккур кардааст.

XS
SM
MD
LG