Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон филми муштараки тоҷикиву ҳиндӣ сабт мешавад


Коргардон Шарофат Арабова қиссаи фарзандфурӯшии як зани ҷавони тоҷик бо номи Парвонаро дар меҳвари сужаи филми нави худ қарор додааст. "Ин қиссаи як филми комили бадеӣ аст. Қаҳрамони асосӣ – Парвонаи 27-солаест, ки бар асари мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳам дар паи ҳомиладории бисёр пурмоҷаро, тасмим мегирад аз ин фарзандаш даст кашад. Дар фикри фурӯши кӯдаки таваллуднашудааш мешавад. Тарҳи филмро ба Asian project market – як бозори синамо дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ гузоштам. Ин филми тоҷикиву ҳиндӣ аст. Ҳоло мо як продюссери иловагӣ ҷустуҷӯ дорем", - мегӯяд Шарофат.

Шарофат Арабова бо нахустин филми калонҳаҷмаш бо номи “Тасфия”, ки соли 2014 аз рӯи як қиссаи Темур Зулфиқоров бардошта шудааст, шинохта мешавад. "Тасфия" аз саргузаштҳои марде қисса мекунад, ки баъди куштори занаш азоби виҷдон мекашад.

Филми кутоҳмуҳлати Шарофат бо номи “Дар байн”-ро (“In between” ба забонҳои англисӣ, русӣ, форсӣ, ҳиндӣ ва непалӣ эҷод шудааст) дар Донишгоҳи синамову телевизиони Ҳинд бардоштаанд.

Он соли 2013 дар ҷашнвораи синамои Қирғизистон бо номи “Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳҳаҷм” барандаи шоҳҷоиза шуд. Филм дар бораи муҳоҷироне қисса мекунад, ки аз як аёлат ба аёлати дигари Ҳинд сафар карда, дар дохили кишвари худ ҳамоно бегона ё муҳоҷир боқӣ мемонанд. Дар филм қиссаи духтари русе гуфта шудааст, ки дар ҷустуҷӯи бахт ба як мегаполиси ҳиндӣ меравад ва он ҷо бо саргузаштҳои зиёде рӯбарӯ мешавад

XS
SM
MD
LG