Пайвандҳои дастрасӣ

Виталий Мутко муовини сарвазири Русия таъйин шуд


Вазири варзиши Русия Виталий Мутко ба мақоми навтаъсиси муовини сарвазири ин кишвар оид ба масъалаҳои варзиш, сайёҳат ва сиёсати ҷавонон таъйин шудааст.

Ӯро ба ин мақом сарвазири Русия Дмитрий Медведев пешниҳод кард ва президент Владимир Путин ин номзадиро тасдиқ намуд. Павел Колобков ба ҷои Мутко вазири варзиши Русия таъйин гашт.

Мутко аз соли 2008 инҷониб вазири варзиши Русия буда, дар моҷарои марбут ба ҳимояти мақомот аз варзишгарон дар истифодаи доруҳои нрерӯфизо ё допинг даст доштааст.

Дар натиҷаи ин моҷаро Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасмим гирифт, бештари намояндагони варзиши сабуки Русияро ба Бозиҳои олимпии Бразилия роҳ надиҳад. Ба ҷуз ин, ҳамаи дастаи мунтахаби Русия натавонистанд, дар Бозиҳои паролимпии моҳи сентябр иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG