Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати майор Хайруллоев дар пайи чаппа шудани БТР


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар пайи чаппа шудани БТР-и нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳудуди Шанбедеҳи ноҳияи Ишкошим майор Неъматулло Хайруллоеви 31-сола ҷон бохта, чанде аз сарбозон таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 19 октябр гуфтанд, ки майору сарбозон барои иштирок дар размоиши муштараки нерӯҳои Тоҷикистону Чин мерафтанд.

Ҷасади Неъматулло Хайруллоев бегоҳи сешанбе дар зодгоҳаш ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш ба хок супурда шудааст. Дар Вазорати дифои Тоҷикистон ҳарчанд размоиши муштараки нерӯҳои Тоҷикистону Чинро дар Ишкошим тасдиқ карданд, вале гуфтанд, аз садамаи майору сарбозон хабар надоранд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки нисфирӯзии 17 октябр дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари он як нафар низомӣ ба ҳалокат расидааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД, гуфт, мошини низомӣ аз баландӣ ба ҷарии то шаш метр афтодааст, аммо ӯ аз нафари мушаххас ном набурд.

Размоиши муштараки нерӯҳои Тоҷикистону Чин 20 октябр дар ноҳияи Ишкошим шуруъ шуда, чаҳор рӯз идома хоҳад кард. Тибқи иттилои расмӣ, яке аз ҳадафи аслии ин тамринҳо, тақвияти хатти марз бо Афғонистон будааст. Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон бо вилояти Бадахшони Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва ин вилоят ба макони будубоши гурӯҳҳои ҷангӣ табдил ёфтааст. Гуфта мешавад, дар ин машқи низомӣ раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG