Пайвандҳои дастрасӣ

18 октябри соли 2016 дар Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон - Сироҷидин Аслов ва Ерлан Идрисов баргузор гардид. Сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот масоили мавриди тавааҷҷӯҳи дуҷонибаи кишварҳои минтақа ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин мулоқот ҳамчунин масоили мавриди нигаронӣ дар саҳнаи байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳадафи ширкат дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ​, ки рӯзҳои 18 ва 19 октябр дар Тошканд ҷараён мегирад, дар пойтахти Ӯзбакистон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG