Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши «Нақши Закариёи Розӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ»


Рӯзи 18 октябри соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати АИ ҶТ ва Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, Симпозиуми байналмилалии «Нақши Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ», баргузор шуд.

Симпозиуми байналмилалӣ тибқи қарори Сессияи 38-уми конференсияи генералии ЮНЕСКО аз 2 ноябри соли 2015 ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҷашни 1150-солагии Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар чаҳорчӯбаи рӯзҳои тақвимии ЮНЕСКО дар солҳои 2016-2017, доир карда шуд.

Дар оғози ин Симпозиуми байналмилалӣ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар робита ба нақши Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ташаккули илмҳои тиб ва кимиё суханронӣ намуд. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, академик Мусо Диноршоев, ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов, директории Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсатшиноси Муҳаммад Абдураҳмон дар робита ба нақши ин фарзонамарди илм дар фарҳанги ҷаҳонӣ, сӯҳбат карданд.

Сипас, Симпозиуми байналмилалӣ дар ду бахш: бахши илмҳои табиӣ ва бахши фалсафа, адабиёт ва фарҳанг идома ёфт. Дар Симпозиуми байналмилалӣ паҳлӯҳои осор ва зиндагии Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ҳамаҷониба баррасӣ гардида, нақши ӯ ҳамчун файласуф, табиб, кимиёшинос ва фарҳангшиносу ҷомеашиноси беҳамто, арзёбӣ гардид.

XS
SM
MD
LG