Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷулин Ассанҷ аз интернет маҳрум шуд


Ҷулиан Ассанҷ, асосгузори сомонаи Wikileaks, ки чанд сол боз аз истирдод ба Швеция дар сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурдааст, бо дахолати "сохторҳои давлатӣ" аз дастрасӣ ба интернет маҳрум шудааст.

Твиттери Wikileaks дар ин бора маълумот додааст, аммо нагуфтааст, ки кадом давлатҳоро дар назар дорад. Гуфта мешавад, ки Wikileaks дар ин ҳолат ба барномаи "фаъолият дар ҳолатҳои фавқулодда" мегузарад. Дар робита ба ин хабар шарҳи мақомот ва ҳамчунин тасдиқи бетарафонаи хабари маҳрум шудани Ассанҷ аз интернет ҳам дастрас нашудааст.

Сомонаи Wikileaks рӯзҳои ахир санадҳоеро дар робита ба интихоботи ИМА, аз ҷумла мукотиботи мушовири Ҳиллари Клинтон, Ҷон Подестаро нашр кардааст. Ассанҷ қаблан гуфта буд, ки Wikileaks аз санадҳое бархӯрдор аст, ки метавонад ба раванди интихобот таъсир гузорад. Ситоди Клинтон мегӯяд, Wikileaks аз "ҳакерҳо"-и Русия, ки бо хадамоти махсус робита доранд, маълумот мегирад. Ин "ҳакерҳо" ба гуфти ситоди Ҳиллари Клинтон серверҳои амрикоиро рахна мекунанд, то ба раванди интихобот таъсир гузоранд. Хадамоти махсуси Амрико Русияро мустақиман ба кибер-ҳамлаҳо муттаҳам кардааст. Ҷулин Ассанҷ мегӯяд, ки Wikileaks бо хадамоти махсуси Русия ҳеҷ робита надорад.

XS
SM
MD
LG