Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Моторола", фармондеҳи ҷудоихоҳони шарқи Украина кушта шуд


"Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии мардумии Донетск" (ҶМД) кушта шудани Арсен Павлов, яке аз фармондеҳони "ҷудоихоҳони ҶМД" бо лақаби "Моторола"-ро тасдиқ кард.

Қаблан дар ин бора Интерфакс бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дод, ки Павлов дар натиҷаи таркиши лифти биное, ки дар он зиндагӣ мекард, ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи манбаъҳо, дар куштори фармондеҳи "ҷудоихоҳони ҶМД" "гуруҳи тахрибгарию иктишофии Украина" айбдор мешавад. Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон низ ба ҷони "Моторол" сӯиқасд сурат гирифта буд.

Павлов яке аз фармондеҳони бадноми, ба истилоҳ, "ҶМД" шумурда мешуд. Ин шаҳрванди Русияро ҳомиёни ҳуқуқ дар шиканҷаи низомиёни асирафтодаи Украина ва қатли Игор Брановитский, яке аз ҳимоятгарони фурудгоҳи Донетск айбдор мекунанд.

Раҳбарияти ҷудоихоҳон Павловро бо "Салиби Георгий" (ҷоизаи асосии низомии ҷумҳурии худхонда) ва ордени "Шуҷоати ҳарбӣ" қадрдонӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG