Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони Ҷоизаи Лоҳутӣ эълом мешаванд


Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон.
Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон.

Шоми имрӯз, 17 октябр барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2016 дар шаҳри Душанбе эълон мешаванд. Зинатуллоҳи Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маросими расмии тақдими ҷоизаҳо соати 17:00 имрӯз дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо ширкати масъулони давлатӣ, намояндагони дастгоҳи иҷрояи Президент, раҳбарияти Иттифоқи журналистон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон сурат мегирад.

Ба таъкиди ҷаноби Исмоилзода, ҷоизаҳо дар чор бахш, матбуот, телевизион, радио ва таҳқиқоти журналистӣ эҳдо мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Исмоилзода, Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз миёни беш аз 30 журналист ва муҳаққиқ беҳтаринҳоро мушаххас карда ва ҳамакнун дар маросими тақдими ҷоизаҳо номҳои онҳо эълон хоҳад шуд. Ҳамчунин чун солҳои гузашта барандагони Ҷоизаи ба номи устод Воҳид Асрорӣ барои донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ низ эълон ва қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Ҳарчанд дар солҳои гузашта тақдими Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба таърихи 11 март сурат мегирифт, аммо имсол аввал эълон шуд, ки дар арафаи таҷлил аз ҷашни Истиқлол -- 9 сентябр ва баъдан ба моҳи октябр гузаронида шуд.

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад. То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Аммо дар соли 1994 бо пешниҳоди Пайванди Гулмуродзода, устоди равоншоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва муаҳққиқи таърихи матбуоти тоҷик, Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст. “Бухорои шариф” бори аввал 12 марти соли 1912 чоп шуда буд.

XS
SM
MD
LG