Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши номуваффақи мушак дар Куриёи Шимолӣ


Артиши Амрико эълон кард, ки озмоиши як мушаки миёнбурд аз тарафи Куриёи Шимолӣ номуваффақ анҷом шудааст. Ба гузориши "Асошиайтед Пресс", ин мушак, ки бурдаш ҳудуди 4000 километр тахмин зада мешавад, баъди чанд лаҳзаи партоб дар осмон таркидааст. Гэри Росс, сухангӯи Пентагон, дар вокуниш ба ин иқдоми Куриёи Шимолӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида ин озмоиш ва озмоишҳои пешини Пхенянро маҳкум мекунад. Пхенян бо вуҷуди қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал ва таҳримҳои байналмилалӣ ҳамчунон ба фаъолиятҳои ҳастаӣ ва мушакии худ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG