Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои сарду боронӣ дар Тоҷикистон


.
.

Аз субҳи имрӯз, ҷумъаи 14 октябр ҳаво дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ғуборолуд шуда ва резиши борон ба мушоҳида расид. Ин ҳам дар ҳоле, ки Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 14 октябр дар қаламрави ин кишвар боронӣ хоҳад шуд.

Парвина Саидҷамолова, мудири бахши пешгӯии боду ҳавои Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта дар манотиқи кӯҳӣ, аз ҷумла дар ағбаи Анзоб ва Шаҳристон, дар масири Душанбе-Хуҷанд барф боридааст ва ҳарорати ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба рӯзҳои гузашта 5-6 дараҷа пойин фаромадааст.

Ба гуфтаи хонум Саидҷамолова, агар ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои гузашта дар водиҳо то 28 дараҷаи гармӣ буд, акунун ба 22-23 дараҷа пойин фаромадааст. Ба иттилои Парвина Саидҷамолова, резиши борон ва барф ва ҳамчунин шамол имрӯз идома мекунад ва эҳтимол дорад, рӯзҳои 15 ва 16 октябр ҳаво бебориш гардад.

Бо ин ҳам ин масъули Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, таҳлилҳо собит мекунад, ки дар рӯзҳои оянда ҳарорати ҳаво пойин фаромада ва рӯ ба хунукӣ меорад. Хулосаи масъулони Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба фасли пойиз ва наздик шудани зимистон барои мардуми кишвар ҳавои хунук ва барфрезиҳо дар пеш аст.

XS
SM
MD
LG