Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издивоҷи 700 миллион духтари ноболиғ дар ҷаҳон


Гузориши нав бар пояи омори Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳудудан 700 миллион духтари ноболиғ дар ҷаҳон иҷборӣ издивоҷ кардаанд. Созмони "Наҷоти кӯдакон" рӯзи 11 октябр, дар рӯзи байналмилаии "Духтар" гуфт, ҳар як ҳафт сония як духтари зери синни 15 маҷбуран издивоҷ мекунад ва теъдоди зиёди духтарчаҳои ҳанӯз 10-соларо зӯран ба шавҳар додаанд.

Ин пажӯҳиш бо иқтибос аз омори UNICEF, дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон мегӯяд, теъдоди никоҳҳои маҷбурии ноболиғон то соли 2015 эҳтимол ба 1 миллиарду 200 миллион бирасад. Гузориш таҳти унвони "Ҳар Духтари Охирин" мегӯяд, ки никоҳҳои барвақтӣ духтаронро аз таҳсил ва баъдан ҷои кор маҳрум мекунад ва бисёр вақт бебизоатиро мечархонад.

"Никоҳҳои барвақтӣ оғози монеа ва зарарҳоест, ки духтарҳоро аз ҳуқуқи азалияшон барои омӯзиш, аз рушд ва кӯдак будан маҳрум мекунад",- мегӯяд Сузанна Крюгер, мақоми баландпояи созмони "Наҷоти кӯдакон" дар Олмон. Пажӯҳиши ахир 144 кишварро дар робита ба бархӯрд бо духтарҳо раддабандӣ кардааст. Дар ин рӯйхат Афғонистон дар ҷои 121, Покистон 88, Озарбойҷон 69, Гурҷистон 62, Қирғизистон 59 ва Тоҷикистон дар мақоми 57 қарор доранд.

Дар робита ба бадрафторӣ духтарҳои кишварҳои ҷануби Африқо вазъи бадтарин доштаанд. Аммо дар Амрико ва Бритониё низ меъёри баланди ҳомиладории ноболиғон ва издивоҷҳои барвақтӣ дар Олмон мушоҳида мешавад, ки таҷрибаи камназир нест.

XS
SM
MD
LG