Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 38 ҷангҷӯ дар шимоли Сурия


Дар шимоли Сурия тайи як шабонарӯзи ахир наздики 38 ҷангҷӯи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) кушта шудааст. Дар ин бора манобеи низомии Туркия хабар дода, гуфтаанд, амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳое, ки шӯришгарони Сурия зери ҳимояти Анқара бо тундравон меҷанганд, пурзӯр шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, шӯришгарони Сурия бо дастгирии танку ҳавопаймоҳои Туркия ба шаҳри Дабик, ки дар дасти тундравон аст, наздик мешаванд. Амалиёти низомӣ зидди ДИ дар шимоли Сурия, минтақаҳои ҳаммарз бо Туркия моҳи августи соли равон оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG