Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла болои ҷаноза дар Санъоро таҳқиқ мекунанд


Эътилофи таҳти роҳбарии Арабистони Саудӣ ҳамлаи ҳавоии маргборро, ки ба сӯи ҷанозае дар Санъо, пойтахти Яман, равона шуд, таҳқиқ хоҳад кард. Ин эътилоф бо шӯришиёни Яман дастбагиребон аст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар ҳамлаи рӯзи 8 октябр беш аз 140 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Дар изҳороти Эътилофи таҳти роҳбарии Саудӣ гуфта мешавад, ин ҳодиса дар якҷоягӣ бо коршиносони амрикоӣ “таъҷилан таҳқиқ хоҳад шуд”. Ин эътилоф бо изҳори таассуф аз бомбборони маргбор дар Санъо гуфтааст, нерӯҳои эътилоф “дастури мушаххасе дар даст доранд, ки манотиқи аҳолинишин ва афроди мулкиро ҳадаф қарор надиҳанд”. Ин эътилоф қаблан гуфта буд, дар замони рух додани ин ҳодиса дар Санъо ҳеҷ амалиёти низомӣ намегузаронд.

Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки Мун бо даъвати “таҳқиқи таъҷилӣ ва бетарафонаи” ҳодиса гуфт, ҳар ҳамлаи барқасдона ба шаҳрвандони мулкӣ комилан “қобили қабул нест”. Дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, арзёбии ин ҳодисаро шуруъ кардааст ва ҳимояташро аз Эътилофи зери роҳбарии Арабистони Саудӣ ба қадри қобили мулоҳиза коҳиш хоҳад дод. Ин эътилоф, ки аз ҳукумати аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшудаи Яман ҳимоят мекунад, моҳи марти соли 2015 амалиётро барои саркӯби шӯришиёни шиаи ҳусӣ шурӯъ кард.

XS
SM
MD
LG